ЕВРАЗЭС ҲАМГИРОИРО ҶИҲАТИ РАФЪИ БӮҲРОНИ МОЛИЯВӢ ТАВСЕА МЕБАХШАД
Душанбе, 15 май.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Масъалаҳои андешидани тадбирҳои муштарак ҷиҳати рафъи оқибатҳои бӯҳрони молиявӣ ва таъмини заминаҳои қонунии он дар ҷаласаи Бюро ва Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди иқтисодии ЕвраАзия (ЕврАзЭС) баррасӣ шуд. Маҷлис дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия таҳти раёсати Раиси Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди иқтисодии ЕврАзия, раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев баргузор шуд. Тибқи иттилои ёвари Раиси палатаи болоии парлумони Тоҷикистон Шавкат Саидов, дар ҷаласа ҳамчунин масъалаҳои андешидани тадбирҳои умумии ҳамоҳанг сохтан ва тақвият бахшидан, таъсиси фазои умумии ҳамгироӣ дар доираи ҷомеаи иқтисодии Иттиҳод муҳокима шуданд. Дар маҷлис, ҳамзамон натиҷаҳои фаъолият ва вазифаҳои Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди иқтисодии ЕврАзия дар бобати расонидани кӯмак ба рушди ҷараёни ҳамгироӣ дар кишварҳои аъзои ҷомеа баррасӣ шуданд. Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ Маҳмадсаид Убайдуллоев, ҳамчунин дар ҷаласаҳои Шурои Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ ва Ассамблеяи парлумонии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) иштирок кард.








Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид






