ГАВХАР МЕНАВИСЕМУ ГАВҲАРРО ДАР НАЗАР ДОРЕМ
Бадахшон, 15 май. (АМИТ «Ховар», Лутфишо Додо).-Ба он нигоҳ накарда, ки Бунёди забони тоҷикӣ дар ВМКБ дар боби беолоишии забони давлатӣ корҳои зиёдеро сомон медиҳад, дар ин самт ҳанӯз норасогиҳои алоҳида ҷой доранд. Ин қабл аз ҳама дар компютерҳо набудани ҳарфҳои тоҷикист. Тавре роҳбари дастгоҳи раиси ВМКБ Хушқадам Хушқадамов иттилоъ дод, дар гузоришҳое, ки бо имзои роҳбарони Прокуратураи низомӣ, комендатураи ҳарбии гарнизони шаҳри Хоруғ, қисми низомии 01123, Идораи суди вилоят, Раёсати корҳои дохилии вилоят, Парки миллӣ, Пажӯҳишгоҳи биологии Академияи улуми ҷумҳурӣ, Ширкати барқи Помир, Ҷамъияти матлуботи вилоят, Шӯрои ветеранҳои меҳнат вориди мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят мегарданд, ҳарфҳои тоҷикӣ надоранду дар матн барои мисол, ба ҷои гавҳар гавхар хонда мешавад, дар ҳоле, ки 3 сол қабл оиди ба компютерҳо ворид гардонидани ҳуруфи тоҷикӣ супориши протоколии раиси вилоят буд.








4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд






