ГИРИФТОРОНИ БЕМОРИИНАШЪАМАНДӢ ДАР СУҒД
Душанбе, 29 май. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Назар ба маълумоти расмии Маркази наркологии вилояти Суғд дар давоми се моҳи аввали соли 2009 дар ин вилоят 1273 нафар бемори нашъамандӣ сабти ном шудааст, ки аз он 104 нафарашонро занону духтарон ташкил медиҳанд. Аз ин ҳисоб беморони ба нашъамандӣ гирифтор аз 18 то 30 сола 476 нафар, аз 31 то 59 сола 795 нафарро дар бар мегиранд. Аз ҷумлаи беморони гирифтори нашъамандӣ танҳо 19 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъминанд. Бино ба иттилои духтури маркази наркологии вилоят Тӯрабек Қуронбоев шумораи беморони ба нашъамандӣ гирифтор метавонанд аз ин чанд маротиба зиёд бошанд, зеро аксари беморон аз сабти ном шудан худдорӣ мекунанд.








4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд






