ХАТМКУНАНДАГОНИ ПОЙТАХТ ДАР ДОНИШГОҲҲОИ ОКСФОРД ВА КЕМБРИҶ ТАҲСИЛ МЕНАМОЯНД

Май 26, 2009 10:03

                        Душанбе, 26 май.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Беш аз 50 нафар хатмкунандагони мактабҳои таҳсилоти ҳамагонии пойтахт соли равон дар мактабҳои олии давлатҳои Россия, Қазоқистон, Туркия, Украина дохил шуда, таҳсилро идома медиҳанд.                        Тибқи иттилои сардори раёсати маорифи шаҳри Душанбе Шамсулло Исломов алҳол беш аз 170 нафар дастпарварони мактабҳои таҳсилоти умумии шаҳри Душанбе дар донишгоҳҳои кишварҳои Россия, Амрико, Чин, Қазоқистон, Туркия, Украина, Олмон ва Канада ба таҳсил фаро гирифта шудаанд, ки аксари онҳо дар бахши илмҳои муосир ва дунявӣ, хусусан технологияи иттилоотӣ таҳсил менамоянд.                       Шамсулло Исломов афзуд, ки дар ояндаи наздик бо ташаббуси Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев Фонди дастгирии хатмкунандагони болаёқати мактабҳои таҳсилоти умумии пойтахт созмон дода мешавад. Тавассути он хатмкунандагон имкон доранд дар донишгоҳҳои бонуфузи кишварҳои дунё, ба мисли Оксфорд ва Кембриҷ таҳсил намоянд.

Май 26, 2009 10:03

Хабарҳои дигари ин бахш

4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд