ХИДМАТ ДАР САФИ АРТИШ – ШАРАФ АСТ
Хуҷанд, 6 май. (АМИТ «Ховар», Мирзалӣ Амонов, Самад Юсуфӣ).-Ҷавонон қувваи муқтадир, муҳофизи Ватан, таъминкунандаи оромиву осоиштагӣ ва шукуфоии имрӯзу фардои мамлакат маҳсуб меёбанд. Ин аст, ки таваҷҷӯҳ ба ин қишри бузурги ҷомеа рӯзафзун аст. Бо назардошти чунин нуқта ва масъулият дирӯз дар толори асосии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон вохӯрии кормандони комиссариати ҳарбии шаҳри Хуҷанд бо муҳассилин баргузор гардид. Беш аз ҳама суханронии комиссари ҳарбии шаҳр, полковник Мухторxон Иброҳимов, ки дар пайванд аз амали ҳамарӯзаи кормандон, вазифаи муқаддаси ҷавонон дар роҳи ҳифзи кишвар ва паҳлӯҳои мухталифи ин мавзӯъ иброз гашт, аз ҷониби муҳассилин истиқболи гарм ёфт. Дар идомаи вохӯрӣ донишандӯзони донишгоҳ ба як қатор саволҳои худ ҷавобҳои қаноатбахш гирифтанд. Бояд тазаккур дод, ки дар ҷараёни вохӯрӣ масъули комиссариати харбӣ оиди бақайдгирии донишгохҳои олӣ А.Н. Сипуков ва сардори шӯъбаи дуюми Донишкадаи кӯҳӣ — металургӣ Акбарова Ш.О. иштирок доштанд.








4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд






