ХИЗМАТИ АЪЗОИ МАҶЛИСИ МИЛЛӢ ДАР СОҲИЛИ НЕВА ҚАДР ШУД

Май 16, 2009 11:32

                     Душанбе, 16 май. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Дар анҷоми 32-умин ҷаласаи пленарии Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия баргузор шуд, аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзои Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ оид ба масъалҳои сиёсӣ ва муносибатҳои байналмилалӣ Хисрав Абдуназаров бо ифтихорномаи фахрии Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ қадрдонӣ гардид.                   Тибқи иттилои ёвари Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ Шавкат Саидов, намояндаи парлумони Тоҷикистон бо ифтихорномаи фахрӣ барои нақши бузургаш дар таҳкими ҳамкориҳои байнипарлумонӣ ва тақвияти дӯстии халқҳои Иттиҳод сазовор гардидааст.  

Май 16, 2009 11:32

Хабарҳои дигари ин бахш

4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд