ХУҶАНД ВА ИСФАРА БА ИСТИФОДАИ ЛАМПАҲОИ КАММАСРАФ МЕГУЗАРАНД

Май 25, 2009 17:21

                        Душанбе, 25 май. (АМИТ «Ховар», Жасмин Назарова). — Ба амал татбиқ шудани дастуру нишондодҳое, ки дар паёми Президенти кишвар ба Маҷлиси Олӣ зикр гашта буданд ва амалӣ шудани фармон «Дар бораи тадбирҳои иловагии истифодаи сарфаҷўёнаи энергия» алаккай натиҷаҳои мусбат нишон медиҳанд.                           Тавре ба АМИТ «Ховар» сардори умури матбуоти ШСХК «Барқи тоҷик» Нозирҷон Ёдгорӣ иттилоъ дод, дар шаҳрҳои Хуҷанд ва Исфараи вилояти Суғд, ки аз нуқоти саноатии кишвар ба шумор рафта, аҳли заҳмати он ба қадри нерўи барқ мерасанд, ин раванд хеле муташаккилона мегузарад. Дар шаҳри Хуҷанд на танҳо муассисаву корхонаҳо ва аҳолӣ ба лампаҳои каммасраф мегузаранд, балки рўшноии шабонаи шаҳр низ бо лампаҳои диодӣ таъмин мегардад. Ҳоло атрофи ҳайкали устод Рўдакӣ, гирду атрофи бинои ҳукумати вилоят ва шаҳр, боғи ба номи Камоли Хуҷандӣ пурра ба истифодаи лампаҳои каммасраф гузаштаанд. Дохили аксари мағозаву тарабхона ва меҳмонхонаҳои шаҳри Хуҷанд бо лампаҳои каммасраф рўшан карда мешаванд.                         Тавре директори театри ба номи Камоли Хуҷандӣ Мирзоғанӣ Мирзорашидов изҳор дошт, ба лампаҳои каммасраф гузаштан имконият фароҳам овард, ки шаст фоиз нерўи барқ сарфа гардад, ки ин зиёда аз 110 киловатт/соатро ташкил медиҳад. Ба гуфти ў дигар таҷҳизоти барқӣ наметафсанд ва ҳодисаҳои ногаҳон хомўш шудани барқ аз байн рафтанд. Мирзоғанӣ Мирзорашидов фоиданокии лампаҳоро фаҳмида, дар хонааш низ лампаҳои тафсонро ба лампаҳои каммасраф иваз намуда, инро дар байни кормандони театр ва ҳамсояву ҳаммаҳаллаҳо низ тарғиб менамояд.                        Телевизиони вилоятӣ бобати тарғиби лампаҳои каммасраф ва бо ин васила ноил шудан ба сарфакорона истифода бурдани нерўи барқ саҳми калон дорад. Дар сўҳбатҳои мустақим ва дигар намоишҳои тахассусие, ки телевизион бо иштироки кормандони соҳаи барқ, намояндагии агентии «Тоҷикстандарт» дар вилояти Суғд, духтурон ва устодони макотиби олӣ ва миёнаи махсус ташкил менамояд, шунавандагон — муштариёни барқ ба суолҳои худ ҷавоби пурра ва муфассал мегиранд.                         «-Гузаштан ба лампаҳои каммасраф,- ақида дорад сардори шабакаҳои барқи шаҳри Хуҷанд Т. Атамов, на танҳо боиси сарфакорона истифода бурдани нерўи барқ мегардад, балки бори таҷҳизоти барқиро сабук ва сифати интиқоли барқро хуб менамояд. Аз ҳама асосияш, ин ба иқтисодиёт ва буҷети ҳар хонадон фоиданок аст. Дар сурати ба лампаҳои каммасраф гузаштан, ҳар оила аз ҳар лампаи истифода мебурдааш дар як сол 17 сомониву 52 дирам фоида мебинад, ки дар миқёси шаҳр ин ба 876 ҳазор сомонӣ баробар мешавад.                       Дар шаҳри Исфара ситоди махсус амал менамояд, ки ба он худи раиси шаҳр М. Ёқубова сарварӣ мекунад. Тавре дар ситод изҳор намуданд, дар айни замон ба шаҳру деҳоти Исфара тақрибан 700 ҳазор киловатт/соат нерўи барқ дохил мешавад, ки 450-470 ҳазор киловатт/соати онро аҳолӣ истифода мебарад. Тавре мутахассисон ҳисоб намуданд, дар сурати ба лампаҳои каммасраф гузаштан хароҷоти аҳолӣ то 100 ҳазор киловатт/соатро ташкил хоҳад дод, ки аз рўи ин дар як сол имкон аст зиёда аз 143 миллион киловтт/соат нерўи барқ сарфа гардад. Ба ҳисоби маблағ ин 8 миллиону 629 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.                         Ба гуфти директори ҶСК «Шабакаҳои барқии шаҳри Исфара А. Тошев дар минтақа 38 500 муштарии барқ мавҷуд аст ва тамоми 42 нафар назоратчиён ва 12 нафар нозирон вазифадор карда шудаанд, ки фоида ва самараи сарфакорона истифода бурдани нерўи барқ, аз ҷумла истифодаи лампаҳои каммасрафро ба онҳо фаҳмонанд. Ҳамаи 46 корхонаҳои истеҳсолӣ, 661 корхонаҳои ғайриистеҳсолӣ, муассисаҳои буҷетӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ, ки бо ҶСК «Шабакаҳои барқии шаҳри Исфара» шартнома доранд, тавсия гирифтаанд, ки ба лампа ва таҷҳизоти каммасраф гузаранд. Минбаъд бо лампа ва таҷҳизоти каммасраф гузаштан дар Шартҳои техникии корхонаҳо ҳатман қайд хоҳанд шуд.                         Вазъи сарфакорона истифода бурдани нерўи барқ, алалхусус ба истифодаи лампаҳои каммасраф гузаштанро дар Хуҷанду Исфара мушоҳида намуда ва натиҷаҳои онро таҳлил намуда, метавон хулоса баровард, ки иҷрои сари вақтии дастуру нишондодҳое, ки дар Паёми Президент ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр гаштаанд, мушкилоти моро дар бобати норасоии нерў, хеле осон хоҳад намуд.                        Ташкил ёфтани Раёсати энергетикаи вилояти Суғд, ҳамчун сохтори ШСХК «Барқи тоҷик дар вилоят ба ин раванд таъсири мусбат расонд, Раёсати навтаъсис баробари назорат ба масъалаи ҷамъоварии маблағи ҳаққи барқ, кам кардани талафоти нерў раванди гузаштан ба лампа ва таҷҳизоти каммасрафро дар шаш корхонаи таъминоти барқи вилоят — ШБ «Ленинобод», ШБ «Истаравшан», ШБ шаҳрҳои Хуҷанд, Панҷакент, Исфара ва Чкалов, инчунин НБО-и Қайроққум таҳти назорати ҷиддӣ гирифтааст.

Май 25, 2009 17:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Наваскарони қисми низомӣ дар ноҳияи Лахш савганди садоқат ба Ватан ёд намуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имсол дар Тоҷикистон чӣ қадар боғҳои нав бунёд гардиданд?
Дар шаҳри Норак ҳашари экологии «Тозагии обанбор» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Иҷлосияи дуюми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Дар Хатлон вобаста ба амалиёти пешгирикунандаи «Маданияти шаҳрдорӣ» ҷаласа баргузор гардид
Оид ба тайёр намудани мутахассисони касбӣ ва омӯзиши фанҳои дақиқ машварати илмӣ баргузор гардид
Туҳфаи Президенти Тоҷикистон ба иштирокчиёни Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ супорида шуд
Дар Норак бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон бо сарбозон вохӯрӣ доир шуд
Маҳмадсолеҳ Қосимов: «Ҳар қадаре заминро оқилонаю самаранок истифода барем, ҳамон қадар баракаташро мебинем»