И.АСАДУЛЛОЕВ: «САЛИБ Ё ҲИЛОЛ НИШОНИ ДАВЛАТИ ДУНЯВӢ БУДА НАМЕТАВОНАНД»

Май 4, 2009 11:32

                        Душанбе, 4 май. (АМИТ «Ховар», Таҳмина Ғоибназарова). — Олими маъруфи тоҷик Искандар Асадуллоев таълифи асари нави «Қайдҳо ва мулоҳизаҳо дар бораи исломи сиёсӣ дар Тоҷикистон» — ро ба охир расонд. Дар он равияҳои гуногуни зеҳнию ифротӣ ва мӯътадили дини ислом таҳлил карда мешаванд.Боби алоҳидаи китоб ба анҷумани ғайринавбатии панҷуми Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон бахшида шудааст.    Муаллиф дар бораи таҷдиди назар намудани муносибати одамон ба дин сухан меронад. «Дин муқаддас аст ва одамон онро ҳам аз нуқтаи назари инсонӣ, ҳам аз нуқтаи назари террористӣ ва ҳам аз нуқтаи назари фашистӣ маънидод карда ва истифода бурда метавонанд», — менависад Искандар Асадуллоев.Муаллиф дар асари худ зуҳурот ва таҳдидҳоеро ёдовар мешавад, ки вобаста ба таъсири ифротгароии исломӣ солҳои 90 — ум дар Тоҷикистон рух дода буданд.                   «Асари ман ба масъалаи муборизаи исломи зеҳнӣ ба муқобили исломи ифротӣ, ба масъалаи тағйир додани фаҳмиши ислом бахшида шудааст, ки сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳамин роҳро пеш гирифтааст. Ман ба хиради бузурги ӯ боварии комил дорам. Айни ҳол ҷараёни ислоҳоти дарку фаҳмиши дин аз тарафи одамон дар руҳияи ақлу хирад давом дорад. Бисёр воқеаҳои Тоҷикистон шаҳодат медиҳанд, ки дарку фаҳмиши дин аз тарафи одамон тадриҷан тағйир меёбад. Вале инро чунин фаҳмидан мумкин нест, ки ҳилоли аҳмар нишони давлати дунявии Тоҷикистон бошад», — шарҳ медиҳад Искандар Асадуллоев.

Май 4, 2009 11:32

Хабарҳои дигари ин бахш

ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозӣ бо донорҳо ва шарикони рушд дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ баргузор шуд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад