ИМЗОИ СОЗИШНОМАҲОИ ҲАМКОРӢ

Май 14, 2009 17:28

                        Душанбе, 14 май. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). — 14 май дар шаҳри Душанбе ду созишномаи ҳамкории ҳукуматҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Федероли Олмон имзо карда шуданд. Яке аз ин созишномаҳо ба Тоҷикистон расондани кӯмаки молиявии бебозгаштро ба маблағи 29 миллион евро дар бар мегирад. Маблағи кӯмак барои иҷрои барномаҳои рушди соҳаи сармоягузории хурд дар деҳот ва таъсиси бонки қарзҳои хурд сарф карда мешавад. Инчунин, барои истифодаи манбаъҳои ғайримуқаррарии энергия ва афзун гардондани самараи онҳо, иваз кардани таҷҳизоти марказҳои тақсимоти қувваи барқ дар НБО «Норак» маблағ ҷудо карда хоҳад шуд. Як қисми маблағи мазкур барои амалӣ сохтани тадбирҳои ҳифзи саломатии модару кӯдак, беҳтар сохтани фаъолияти муассисаҳои кӯмаки таъҷилии тиббӣ ва кам кардани бемории сил сарф карда хоҳад шуд.                       Созишномаи ҳамкории техникӣ ба Тоҷикистон расондани кӯмаки молиявиро ба маблағи 7 миллион евро пешбинӣ менамояд. Маблағи мазкур барои ривоҷ додани тиҷорату соҳибкории хурду миёна, маблағгузории хурд ба минтақаҳо ва мусоидат ба ҷараёни ислоҳот дар муассисаҳои таълимии ибтидоӣ сарф карда мешавад.                       Созишномаҳоро аз ҷониби Тоҷикистон вазири рушди иқтисод ва савдо Ғуломҷон Бобозода ва аз ҷониби Олмон сафири ин мамлакат дар Тоҷикистон Дорис Хертрампф имзо карданд.

Май 14, 2009 17:28

Хабарҳои дигари ин бахш

4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд