ИЗҲОРОТИ СОЗМОНҲОИ САРМОЯГУЗОРУ КИШВАРҲОИ ДОНОР ВА ҲУКУМАТИ ТОҶИКИСТОН

Май 14, 2009 17:02

                       Душанбе, 14 май. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — 13 май дар шаҳри Душанбе мулоқоти роҳбарони блоки иқтисодию иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо созмонҳои байналмилалии сармоягузор ва намояндагони кишварҳои донор баргузор гардид. Аз рӯи натиҷаҳои ин мулоқот изҳороти муштарак қабул гардид, ки дар он аз ҷумла гуфта мешавад:-иқтисодиёти Тоҷикистон аз таъсири пайомадҳои бӯҳрони молӣ ба мушкилот рӯбарӯ аст ва ҳукумати Тоҷикистон баҳри рафъи он аз созмонҳои сармоягузор ва кишварҳои донор кӯмак дархост кардааст.                        Инчунин, дар изҳороти мазкур зикр шудааст, ки вазъи бахши макроиқтисодӣ ғайриинтизор босуръат рӯ ба таназзул мениҳад. Дар давоми чор моҳи аввали соли ҷорӣ рушди иқтисодӣ ҳамагӣ 2,9 дарсади Маҷмӯи маҳсулоти дохилиро ташкил дода, дар семоҳаи аввал ҳаҷми содирот ба андозаи 41 фоиз, воридот — 11 фоиз, интиқоли маблағҳои пулӣ — беш аз 30 фоиз, ҳаҷми пардохтҳо — 15 фоиз коҳиш ёфта, қурби асъори миллӣ ба андозаи 14 фоиз поин рафт.                       Дар санади қабулгардида қайд мешавад, ки таҷдиди назари буҷаи соли 2009 ба истиснои бахши иҷтимоӣ, дар дигар бахшҳо коҳиши ҳаҷми хароҷотро пешбинӣ мекунад.                          Намояндагони созмонҳои сармоягузор ва кишварҳои донор изҳор доштанд, ки имконоти дастгирии буҷа, пешниҳоди кӯмаки фаннӣ ва лоиҳавиро дар чаҳорчӯбаи барномаҳои худ мавриди баррасӣ қарор хоҳанд дод. Дар баробари ин, Ҳукумати Тоҷикистонро зарур аст, ки ҷараёни амалисозии ислоҳот, рушди устувор ва беҳбудӣ дар бахши истифодаи замин, ҳалли қарзҳои соҳаи пахтакорӣ ва фаъолияти озодонаи фермеронро таъмин намояд.

Май 14, 2009 17:02

Хабарҳои дигари ин бахш

4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд