КӮМАКИ МОЛИЯВӢ БА СУРАТҲИСОБИ ЗАРАРДИДАГОН
Душанбе, 12 май. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ иттилоъ доданд, ки баъди кушодани суратҳисоби махсус ба зарардидагони деҳаи «18-ум Партсъезд» аз ҳисоби корхонаю идора, ташкилоту муассиса ва шахсони алоҳида 500 ҳазор сомонӣ ворид шуд. Ин дар ҳолест, ки дар ноҳияи Панҷакенти вилояти Суғд бар асари боронҳои сел беш аз 30 хона хароб ва садҳо гектар киштзор зери обу лой монд, ки хисороти он ба 888 ҳазор сомонӣ баробар аст. Комиссияи ҳукуматии шаҳри Панҷакент дар якҷоягӣ бо ситоди ҳолатҳои фавқулоддаи ноҳия барои барқарор кардани зарар ба кор оғоз кард . Чунин комиссияҳо дар ноҳияҳои Хуросон, Бохтар, Мӯминобод, Фархор ва ноҳияҳои Восеъ ва Ҳамадонӣ низ фаъолият мекунанд.








4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд






