КАРТОШКАЮ САБЗӢ ДАР МУРҒОБ
Бадахшон, 25 май. (АМИТ «Ховар», Лутфишо Додо).- Ҳатто дар даврони Шӯравӣ дар боби дар ноҳияи Мурғоб коштани намудҳои гуногуни зироатҳои кишоварзӣ сухане набуд. Ҳама бар он буданд, ки дар муҳити хеле хунуки ин диёр сабзонидани гиёҳе, номумкин аст. Ба гуфти садри Раёсати кишоварзии ВМКБ Назрӣ Назриев. Соли ҷорӣ ба хотири таҷриба дар мавзеи Модиён нахустин маротиба 4 гектар замин картошка кишт мешавад. 3 тонна тахми хушсифат ба Модиён интиқол дода шуд. Заминро низ хушсифат шудгор карданд. Ба қатъ гардидани боришоту андаке гарм шудани қабати хок тухмии картошка кишт карда мешавад. Дар ин ҷо инчунин сабзӣ, лаблабӯ ва алафи бисёрсолаи испаранро низ мекоранд. Ин таҷриба дар мавзеи Шаймоқи ҳамин ноҳия низ гузаронида мешавад. Ба қавли садри Раёсати кишоварзии вилоят, ки коршиноси варзидаи соҳа аст, фардо сокинони Мурғоб агар картошкаю сабзавотро вориди бозорҳои бурун аз ноҳия нагардонанд ҳам, хешро аз ин маҳсулотҳо комилан таъмин мекунанд.








4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд






