КАСБИ ЗАРГАРӢ АЗ НАВ ЭҲЁ МЕГАРДАД

Май 8, 2009 18:36

                    Душанбе, 8 май. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод),- Дар маҷлиси навбатии Ҳукумати ҷумҳурӣ «Барномаи рушди соҳаи заргарӣ ва коркарди сангҳои қимматбаҳо ва ороишӣ барои солҳои 2009- 2015» тасдиқ шуд.                     Дар мавриди барномаи мазкур таъкид гардид, ки дар доираи татбиқи ин барнома 10 корхонаи нав бунёд карда шавад. Айни ҳол дар ҷумҳурӣ 5 корхонаи коркарди сангҳои кимматбаҳо фаъолият менамояд.                    Президенти кишвар дастур дод, ки баҳри ривоҷу равнақи ин соҳа кадрҳои баландихтисос тайёр карда шавад.                     Санъати заргарии тоҷик таърихи беш аз 1000 — сола дорад. Аз нав эҳё намудани он ёде аз санъати ҳазорсола мебошад, ки тавассути он ҳазорон ҷойи нави корӣ пайдо гардида, санъати асили заргарии тоҷик аз нав ба ҷаҳониён муаррифӣ мегардад.

Май 8, 2009 18:36

Хабарҳои дигари ин бахш

4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд