КИШТИ ПАХТА БО САБАБИ НОМУСОИДИИ ОБУ ҲАВО КАМ ШУД
Душанбе, 25 май. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба маълумоти фаврии Раёсати растанипарварии Вазорати кишоварзӣ, дурнамои кишти пахта дар ҷумҳурӣ барои солти ҷорӣ 200 ҳазору 700 гектар пешбинӣ гардидааст. Аз ин миқдор 21 ҳазору 500 гектари онро пахтаи навъи маҳиннах ташкил медиҳад. То 20-уми май 162 ҳазору 625 гектар пахта кишт карда шудааст, ки 1546 гектари он пахтаи навъи маҳиннах, 4553 гектар навъи «Флора», 1764 гектар навъи «Кармен» мебошад, ки он баробари 81 фоизи дурнамо мебошад. Аз номусоидии обу ҳаво нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 77 ҳазору 493 гектар пахта кам кишт карда шудааст.








Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид
Интернети бештар ва рақами қиматбаҳо: фоидаи тарофаҳои пешпардохтӣ дар чист?
Оид ба таъмини рушди устувори соҳаи кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дар Бадахшон беш аз 300 нафар ҳунарманд фаъолият мекунад
Дар Искандаркӯл ба бунёди меҳмонхона ва иншооти муосири сайёҳӣ санги асос гузошта шуд






