КИТОБ ДАР БОРАИ ОЛИМИ МАЪРУФИ ШЕВАШИНОСИ ТОҶИК

Май 7, 2009 10:07

                     Маскав, 7 май. (АМИТ «Ховар», Ҳалима Хушқадамова). — Дар Маскав дар бораи олими машҳури шевашиноси тоҷик, ташкилкунандаи шӯъбаи забонҳои эронӣ дар Пажӯҳишгоҳи забоншиносии Академияи илмҳои Федератсияи Русия, ходими хизматнишондодаи илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, барандаи ҷоизаи давлатии ба номи Абӯалӣ ибни Сино ва ордени «Дӯстӣ» Вера Сергеевна Расторгуева китоби нав нашр шуд. Китоб мақолаҳо ва хотираҳои ҳамкорону шогирдони олимро дар бар мегирад.                      В.С.Расторгуева соли 1942 аз Ленингради ба муҳосираи фашистон афтода бароварда мешавад ва ба Тоҷикистон меояд. Вай дар ин ҷо дар Комиссариати халқии маорифи Тоҷикистон ба вазифаи инспектори мактаб ба кор медарояд. Ҳамзамон дар гурӯҳҳои русии факултаи забонҳои хориҷии Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Душанбе ба номи Т.Г. Шевченко забони тоҷикӣ дарс медод.                       В.С.Расторгуева дар Тоҷикистон ҳамчун олими шевашинос машҳур гардид. Вай соли 1944 шеваи сокинони водии Варзобро омӯхта, дар ин бора рисолаи номзадӣ ҳимоя кард. Асари илмии ӯ дар бораи шеваи сокинони деҳоти дараи Варзоб соли 1952 нашр шуд. Олим соли 1963 «Фарҳанги шеваҳои тоҷикию русӣ» — ро нашр намуд. Ин моҳиятан нахустин луғати шевашиносии тоҷик ба шумор меравад. Бо иштироки бевоситаи В.С.Расторгуева соли 1979 маҷмӯаи мақолаҳои илмӣ таҳти унвони «Шеваҳои ҷанубии забони тоҷикӣ» аз чоп баромад.                     Дар Тоҷикистон В.С.Расторгуеваро ташкилдиҳандаи мактаби шевашиносии тоҷикӣ ном мебаранд. Бисёр олимони тоҷик таҳти роҳбарии ӯ рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ ҳимоя кардаанд. Олимони маъруф Д.Карамшоев, Р.Додихудоев, А.Хромов, М.Маҳадов ва дигарон аз ҳамин ҷумлаанд.                    Китоб бо кӯмаки молиявии Маркази фарҳангии Сафоратхонаи Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Маскав чоп карда шуд.

Май 7, 2009 10:07

Хабарҳои дигари ин бахш

4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд