КОХИ ФАРҲАНГ – ИНШООТИ ҶАШНӢ
Душанбе, 18 май. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Кохи фарҳанги шаҳри Панҷакент яке аз он иншооти ҷашниест, ки ба 1150 — солагии сардафтари адабиёти форсу тоҷик Абуабдулло Ҷаъфар бинни Муҳаммад Рӯдакӣ бахшида шуда буд, аммо иншоот бо сабаби тағйироти лоиҳа саривақт мавриди истифода қарор наёфт. Соли ҷорӣ аз ҳисоби маблағҳои ҷашнӣ Дирексия оид ба сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи Иҷроияи Президенти кишвар барои идома додани сохтмони Кохи Фарҳанги шаҳри Панҷакент 400 ҳазор сомонӣ гузаронд,-иброз дошт раиси шаҳри Панҷакент Хисрав Абдуназаров. Ба иттилои ҳамин манбаъ, сохтмони Кохи Фарҳанг идома дорад. Дар назар аст, ин иншоот то рӯзи ҷашни 12-солагии Ваҳдати миллӣ мавриди истифода қарор гирад.








4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд






