КОНИ ТИЛЛОИ ПОКРӮД МАВРИДИ ИСТИФОДАБАРӢ ҚАРОР МЕГИРАД
Душанбе, 25 май. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). — Дар Тоҷикистон барномаи мавриди истифода қарор додани корхонаи муштараки истихроҷи тиллои Тоҷикистону Британияи Кабир — «Покрӯд» таҳия карда мешавад. Баъди ташхиси ҳамаҷонибаи захираҳои маъдан Ҳукумати Тоҷикистон барои истихроҷи тилло ва коркарди маъдан дар ин ҷо иҷозатнома хоҳад дод. Ба ақидаи мутахассисон захираи тиллои кони мазкур 28 ҳазор килограмм мебошад. Кони тиллои «Покрӯд» дар ҳудуди ноҳияи Ваҳдат, дар минтақаи болооби дарёи Сардаи миёна воқеъ аст. Кони мазкур ҳанӯз соли 1972 кашф карда шуда буд. Соли 1980 захираҳои маъдан ва тиллои он ҳисоб карда шуд. Мутахассисони Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Покрӯд» ва корхонаи воҳиди Раёсати умумии геологияи минтақаи ҷанубии Тоҷикистон аз соли 2005 то соли 2008 онро таҳкиқ намуданд. Хароҷоти таҳқиқоти конро ширкати «Крисо Рекопсез» и Британияи Кабир ба зиммаи худ гирифт. Ба ақидаи мутахассисон, агар корхонаи нави муштарак фаъолияти худро тибқи шартнома давом диҳад, истихроҷи тилло дар ин ҷо 20 сол давом хоҳад кард.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Паём — роҳнамои татбиқи идеяҳои низоми давлатдории миллӣ
Ба 10 зани ҳунарманд ва соҳибкори шаҳри Бӯстон гранти раиси шаҳр тақдим карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе бориши борон ва барф дар назар аст
Оид ба рушди ҳунармандӣ ва истифода аз грантҳои президентӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ машғулияти омӯзишӣ доир гардид
Доир ба нақши Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар омӯзиши забонҳои чинӣ ва кореягӣ конфронс доир шуд
Дар вилояти Суғд ғолибони озмунҳо қадрдонӣ гардиданд
Дар шаҳри Ҳисор маъракаи азнавбақайдгирии нафақагирон идома дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон зимистони астрономӣ фаро мерасад






