КУШОДАШАВИИ ФЕСТИВАЛИ ФОРТЕПИАНО
Душанбе, 14 май. (АМИТ «Ховар», Тахмина Ғоибназарова).- Аз 15 то 19 май дар пойтахт фестивали байналмилалии фортопеано «Piano-Forte» баргузор мегардад. Дар давоми панҷ рӯз ҳар иштирокчии озмун барномаи тайёркардаи худро пешкаш менамояд. Пагоҳ дар Консерваторияи миллӣ маросими кушодашавии фестивал баргузор мегардад. Баъди маросими ифтитоҳи озмун барои хабарнигорон нишасти матбуотӣ ташкил карда хоҳад шуд. Ба ғайр аз ин, вохӯрӣ бо ректори Консерваторияи миллии Қазоқистон ба номи Курманғозӣ, ҳунарпешаи халқии Қазоқистон, профессор Ж. Аубакирова баргузор мегардад. Бегоҳии ҳамон рӯз профессори факултаи мусиқии Донишгоҳи Колорадои ИМА, доктор Дэвид Коревар консерт намоиш хоҳад дод.








4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд






