МАҶЛИСИ НАХУСТИНИ СИТОДИ АМАЛИЁТИ «КӮКНОР – 2009»
Душанбе, 23 май. (АМИТ «Ховар», Наталя Михайлова). — 22 май дар Агентии назорати маводи нашъадори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси нахустини ситоди амалиёти «Куқнор — 2009» баргузор гардид. Дар он намояндагони шӯъбаи мудофиа ва тартиботи қонунии Дастгоҳи Президент, кормандони Агентии назорати маводи нашъадор, вазоратҳои фарҳанг, тандурустӣ, хадамоти гумрук, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Кумитаи телевизион ва радиои ҷумҳурӣ ширкат варзиданд. Дар маҷлис масъалаҳои марбут ба иҷрои дастури Ҳукумати мамлакат дар бобати гузаронидани амалиёт ва ҳамкории вазорату идораҳои дахлдор муҳокима шуданд. Аз рӯи натиҷаҳои маҷлис нақшаи тадбирҳои минбаъдаи гузаронидани амалиёт тасдиқ гардид.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






