МАҶЛИСИ ШӮРОИ БАЙНИДАВЛАТӢ ДАР МИНСК
Минск, 19 май. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). — Аз 19 то 22 май дар шаҳри Минск маҷлиси ХХ1Х Шӯрои байнидавлатии геодезия, харитасозӣ, кадастр ва ба минтақаҳо ҷудо кардани Замини давлатҳои ИДМ баргузор мегардад. Дар он 7 масъала, аз ҷумла, таҳияи барномаи ташкилу фаъолияти муассисаҳои ёрирасони мамлакатҳои аъзои Иттиҳод дар соҳаи тадқиқоти замин, нашри маълумотномаи электронии тағйирёбии номҳои ҷуғрофӣ, маҳдудияти меъёрии маҳсулоти топографӣ ва ғайра муҳокима карда мешаванд. Иштирокчиёни маҷлис баъдан бо фаъолияти корхонаҳои Кумитаи давлатии идораи амволи Ҷумурии Белорусия шинос мегарданд, ки дар шаҳри Брест воқеъ мебошад. Шӯрои байнидавлатии геодезия, харитасозӣ, кадастр ва ба минтақаҳо ҷудо кардани Замин соли 1992 ташкил ёфта буд. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки намояндагони Агентии заминсозӣ, геодезия ва харитасозии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сабаби набудани маблағ дар ин маҷлис иштирок нахоҳад кард.








4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд






