МАБЛАҒ БАРОИ ИСТИРОҲАТ ВА РУШДИ ЭСТЕТИКӢ НОКИФОЯ АСТ

Май 27, 2009 17:01

                         Душанбе, (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба иттилои вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Шукурҷон Зуҳуров, даромади пули аҳолӣ дар моҳи январи соли 2009 аз рӯи маълумоти пешакӣ 664,2 млн. сомониро ташкил карда, нисбат ба ҳамин давраи соли 2008 бо нархҳои амалӣ 1,7 фоиз кам шудааст.                        Хароҷоти пулӣ ва амонатҳои аҳолӣ дар моҳи январи соли 2009 -ум 885 млн. сомониро ташкил дод.                       Барои хариди молҳо ва пардохти хизматрасонии аҳолӣ 61 фоиз ва барои пардохти ҳатмӣ ва ҳаққи узвияти ихтиёрӣ, мутаносибан 26,7 фоизи ҳаҷми умумии хароҷоти пулӣ ва амонатҳоро сарф кардааст.                      Даромади ҳақиқии дар ихтиёр доштаи аҳолӣ дар семоҳаи аввали соли 2009 нисбат ба ҳамин давраи соли 2008 18, 6 фоиз кам шудааст.                          Таҳлили рақамҳои даромад ва хароҷот нишон медиҳанд, ки аҳолӣ маблағҳои ба дастовардаи худро асосан барои маводи ҳаётан зарур — хӯрокворӣ сарф менамояд. Ин аст, ки бо сабаби нокифоятии маблағ аҳолӣ наметавонад аз маблағи бадастоварда барои истироҳат, ва рушди эстетикӣ истифода кунад.

Май 27, 2009 17:01

Хабарҳои дигари ин бахш

4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд