МАКТАБ ҲЕЗУМИ ХУДӢ ДОРАД

Май 25, 2009 16:14

                        Бадахшон, 25 май. (АМИТ «Ховар», Лутфишо Додо).- Ба хотири ободонӣ ва кабудизоркунии маҳал имрӯзҳо дар тамоми гӯшаву канори Бадахшон маъракаи ниҳолшинонӣ босуръат идома дорад.                        Танҳо аз ҷониби коллективи педагогии мактаби миёнаи № 4-и деҳаи Шувҷеви ноҳияи Роштқалъа соли ҷорӣ 1000 бех дарахти сояафкан шинонда шудааст. Тавре директори мактаб Ёқутхон Мамадаёзов иттилоъ дод, 7 сол қабл бо ибтикори коллективи педагогӣ мавзеи бекорхобидаи кӯҳдомани назди мактаб ба ҷангалзор табдил дода шуд. Онро хуб нигоҳубин намудем. Аллакай дар ин мактаб 3 ҳазор дарахти сояафкан нашъунамо дорад.                         Ба гуфти сарвари ин таълимгоҳ дар 2 соли охир мактаб на танҳо худро аз ҳезум таъмин мекунад, балки ба макотиби дигар ҳам мефурӯшад. Танҳо соли ҷорӣ аз ҳисоби фурӯши ҳезум ба буҷаи мактаб 2500 сомонӣ ворид гардид.

Май 25, 2009 16:14

Хабарҳои дигари ин бахш

4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд