МАРОСИМИ ГУЛГУЗОРӢ БА ИФТИХОРИ 64 — СОЛАГИИ ҒАЛАБА ДАР ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНИИ

Май 12, 2009 11:33

                    12 май,- (АМИТ «Ховар»). — Дар боғи Ғалабаи пойтахт бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон маросими тантанавии гулчанбаргузорӣ ба ифтихори солгарди 64 — уми ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 баргузор гардид.                  Субҳи имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баҳри иштирок дар тантанаи ҷумҳуриявии 64-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 ба боғи Ғалабаи пойтахт ташриф овард.                  Ба муносибати ин санаи фархунда дар ин ҷо шумораи зиёди собиқадорони ҷангу меҳнат, роҳбарияти давлату ҳукумат, корпуси дипломатӣ ва аҳли ҷамоатчигии пойтахт ҷамъ омада, ҷузъу томҳои низомии қушӯнҳои ҳарбии гарнизони Душанбе ба таври идона саф ороста буданд.                     Баъди маросими истиқболу пазироӣ митинги тантанавии бахшида ба рӯзи Ғалаба кушода эълон гардид.                     Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуда, ҳозирин ва дар симои онҳо тамоми мардуми шарафманди Тоҷикистонро бо солгарди 64-уми Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ табрику таҳният гуфт ва ба кулли онҳое, ки баҳри таъмини ғалабаи бузург дар майдонҳои муҳориба ва ҳам дар ақибгоҳ заҳмату фидокориҳои беназир нишон додаанд, арзи сипос намуд.                   Сипас барои арҷгузорӣ ба хотираи қаҳрамонону фидоиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ маросими гулчанбаргузорӣ дар назди гулхани ҷовидонӣ оғоз гашт.Нахуст Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таҳти мусиқии маросимӣ ба хотири гиромидошти қурбониёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар назди гулхани абадӣ гулчанбар гузошта, хотираи онҳоро пос дошт.                   Гулчанбарҳо ҳамчунин аз номи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, собиқадорони ҷангу меҳнат, аз номи сохторҳои қудратии ҷумҳурӣ, ҷавонони мамлакат, корпуси дипломатии муқими шаҳри Душанбе ва сафорату пойгоҳи низомии 201-уми Федератсияи Россия дар Тоҷикистон гузошта шуданд.                   Хотираи неки қурбониёни Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 ҳамчунин бо дақиқаи хомӯшӣ пос дошта шуд.                   Дар охир Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо собиқадорони ҷангу меҳнат ҳамчунин аз наздик сӯҳбат намуда, аз аҳволи рӯзгорашон пурсон шуд.                    Собиқадорони ҷангу меҳнат ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои ғамхориҳои беназир ва сиёсати бунёдкоронаву созандагиаш изҳори миннатдорӣ намуданд.                   Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Май 12, 2009 11:33

Хабарҳои дигари ин бахш

4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд