МЕТЬЮ АППЕЛБАУМ БА ДУШАНБЕ МЕОЯД

Май 23, 2009 12:45

                       Душанбе, 23 май.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Ба унвонии Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев аз номи шаҳрдори нави шаҳри Боулдери иёлоти Колорадои ИМА Мютью Аппелбаум нома расид. Шаҳрдори нави Боулдер дар номаи худ хостори ҳар чӣ бештари тақвияти ҳамкории ду бародаршаҳр гардида, ба дурнамои ҳамкориҳои Душанбею Боулдер бо умед нигаристааст.                      Аз ҷумла, Метью Аппелбаум дар нома ба Раиси шаҳри Душанбе гуфтааст, ки «Ба Шумо дар бораи мукофоте хабар медиҳам, ки ба қарибӣ аз «Маркази дӯсти- Интернет Кафе» -и Душанбе гирифта будам. Дар робита ба Шумо иттилоъ медиҳам, ки ояндаи наздик аз номи Созмони байналмилалии шаҳрҳои бародаршаҳр ба Шумо мукофот дода мешавад. Мукофоти мазкур «Навоварӣ дар соҳаи рушди устувори энергетика» ном дошта, бо маблағи департаменти энергетикаи ИМА таъсис дода шудааст. Ба туфайли мукофоти мазкур Душанбе ба таври ройгон узви Созмони байналмилалии шаҳрҳои бародаршаҳр мегардад. Ин барои шаҳрҳои мо шарафи бузург аст. Зеро мо барои ташкили «Маркази дӯстӣ- Интеренет Кафе» дар Душанбе кӯшиши зиёд ба харҷ додем».                      Ҳамзамон, мири шаҳри Боулдер гуфтааст, ки дар ояндаи наздик аъзои Кумитаи шаҳрҳои бародаршаҳр фурсат ёфта, ба Душанбе ташриф меоранд.                       Бояд тазаккур дод, ки Созишномаи бародаршаҳрӣ байни Душанбею Боулдер моҳи майи соли 1987 ба имзо расидааст. Алҳол дар ин шаҳри бародари Душанбе чойхонаи тоҷикии кандакоришуда, ки маҳсули ҳунари устоҳои чирадасти тоҷик аст, ба сокинони Боулдер хизмат расонида, таҷассумгари фарҳанги қадимаи тоҷикон аст. Душанбе бо 14 шаҳри дунё — Ройтлинген (Олмон), Мазори Шариф (Афғонистон), Теҳрон, Шероз (Эрон), Санкт-Петербург, (Русия), Минск (Беларус), Лусака (Замбия), Сана (Яман), Монастир (Тунис), Лоҳур (Покистон), Клагенфурт (Австрия), Боулдер (ИМА), Урумчи (Чин), Анкара,( Туркия) бародаршаҳр буда, бо шаҳрҳои Москва ва Саратови Русия шаҳрҳои шарик ба ҳисоб меравад.

Май 23, 2009 12:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд