МУҲОКИМАИ МАСЪАЛАҲОИ ИСТИРОҲАТИ ТОБИСТОНАИ БАЧАГОН
Душанбе, 27 май. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих).- 26 май дар Федератсияи Иттифоқҳои касабаи мустақили Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси навбатии ситоди мавсими истироҳати «Тобистонаи соли 2009» баргузор гардид. Ситоди ҷумҳуриявӣ дар назди Федератсияи Иттифоқҳои касабаи мустақили Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи кормандони масъул ва роҳбарони муассисаю раёсатҳои Федератсия ташкил карда шудааст. Маҷлиси навбатии ситод бо мақсади назорати иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ташкили истироҳати тобистонаи бачагон ва наврасон дар соли 2009» гузаронида шуд. Дар маҷлис Раиси шӯрои Иттифоқи касабаи вилояти Хатлон Ҷамшед Раҳмонов, Раиси Федератсияи Иттифоқҳои касабаи мустақили Ҷумҳурии Тоҷикистон Муродалӣ Солеҳов ва дигарон маърӯза карданд. Яке аз масъалаҳои асосии маҷлис расонидани кӯмак ба фарзандони оилаҳои дар натиҷаи боришот зарардидаи ноҳияи Хуросон буд. Иштирокчиёни маҷлис қарор қабул карданд, ки 100 нафар бачагони ноҳияи Хуросон дар истироҳатгоҳи тобистонаи «Каратоғ» истироҳат кунанд.








4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд






