МУЛОҚОТ БО ТАРБИЯТГИРАНДАГОНИ ХОНАИ КӮДАКОН

Май 25, 2009 17:19

                        Душанбе, 25 май. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).-Бо ташаббуси Вазорати фарҳанги ҶТ дар Рӯзи байнамилалии ҳифзи кӯдакон — 1 июн кормандони Китобхонаи ҷумҳуриявии бачагонаи ба номи М. Миршакар ва адибони ҷумҳурӣ бо тарбиятгирандагони Хонаи кӯдакони синни томактабии № 1 вохӯрӣ мегузаронанд. Директори китобхона Қурбон Афғонов ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар дод, ки онҳо ният доранд, бо тарбиятгирандагон сӯҳбат ороста, ба онҳо дар бораи ҳифзу ҳукуқҳои бачагон маълумот диҳанд. Дар доираи мулоқот намоиши китоб, ки дар он адабиёти гуногуни бачагона ба маърази тамошо гузошта мешавад, доир мегардад.                        Дар хотима, ба тарбиятгирандагон тӯҳфаҳои хотирмон, аз ҷумла китобчаҳо тақдим карда хохад шуд.

Май 25, 2009 17:19

Хабарҳои дигари ин бахш

4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд