МУЛОҚОТИ АДИБ БО ДОНИШЧӮЁН
Душанбе, 20 май. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- 19 май бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино мулоқоти шоири ширинкалом, узви Иттифоқи нависандагони ҶТ Хайрандеш бо омӯзгорон ва донишчӯён баргузор гардид. Дар он шоир ба саволҳои сершумори донишчӯён ҷавобҳои мушаххас дода, дар бораи эҷодиёти хеш сухан ронд. Вай аз ҷумла гуфт, ки то имрӯз 7 китобаш дастраси хонандагон гардидаст. Ду китоби шоир ғазалҳои тозаэҷоди ӯро дар бар мегиранд. Силсилакитоби ӯ таҳти унвони «Чархофалак» аз таронаҳои фолклорию этнографӣ иборатанд. Дар ҷараёни мулоқот ҳунармандони шинохтаи ҷумҳурӣ Рустами Нур, Манижа ва Эҳсон, Иззат Шарифӣ ва дигарон аз эҷодиёти шоир таронаҳо суруданд.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






