МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО ЮРИЙ ПОПОВ

Май 14, 2009 14:18

                            Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз Сафири нави фавқулодда ва мухтори Федератсияи Русия дар Тоҷикистон Юрий Попов эътимоднома қабул намуд.                           Дар сӯҳбати Сарвари давлат бо Юрий Попов, ки баъди маросими эътимодномасупорӣ сурат гирифт, масоили кунунӣ ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистону Русия баррасӣ шуд.                        «Дар маҷмӯъ мо аз рушди муносибатҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону Русия қаноатмандем, зеро солҳои охир корҳои зиёд ба анҷом расидаанд», — изҳор дошт дар оғози сӯҳбат Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон.                         Зимни сӯҳбати ошкоро беш аз ҳама аз сатҳ ва мазмуни ҳамгироиҳои миёни сохторҳои қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқи ду кишвар ва ҳамкориҳо дар соҳаҳои иқтисод ва савдо, илму маориф ва фарҳанг қаноатмандӣ зоҳир гардид.                        Ҳамкориҳои энергетикии ду кишвар аз самтҳои стратегии муносибатҳои Тоҷикистону Русия маънидод шуд ва таъкид гардид, ки таҷриба ва робитаҳои судманди дар сохтмони муштараки нерӯгоҳи обии Сангтӯда-1 бадастомада бояд дар бунёди дигар нерӯгоҳҳои обӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гиранд.                        Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз рафти татбиқи баъзе санадҳои ҳамкории дуҷониба изҳори норозигӣ карда, таъкид дошт, ки суръат бахшидани корҳо баҳри оғози сохтмони 3 нерӯгоҳи миёнаиқтидори обӣ, истихроҷу коркарди газу нафт ва уран бояд аз ҷумлаи вазифаҳои асосӣ барои таҳкиму густариши минбаъдаи ҳамкориҳои иқтисодии ду кишвар бошанд.                       Дар мулоқот ҳамчунин оид ба авзои кунунии минтақа ва дигар масоили мавриди таваҷҷӯҳ гуфтугӯ сурат гирифт.                       Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.  

Май 14, 2009 14:18

Хабарҳои дигари ин бахш

4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд