МУЛОҚОТИ ПРЕЗИДЕНТ

Май 18, 2009 13:56

                      Имруз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Муовини раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон, Раиси Созмони миллии ҷавонони ин кишвар Ҳоҷӣ Алии Акбариро ба ҳузур пазируфт.                    Дар мулоқот масоили вобаста ба ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Эрон баррасӣ шуд.                   Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон изҳори боварӣ намуд, ки ташрифи Ҳоҷӣ Алии Акбарӣ ба Тоҷикистон ба раванди ҷустуҷӯ ва дарёфти ҷанбаҳои нави ҳамкории мутақобилан судманди ду кишвари бародар такон мебахшад ва таъкид намуд: «мо ин равандро амри зарурӣ мешуморем, зеро Эрон табиатан шарики стратегии Тоҷикистон ба шумор меравад».                   Ҷонибҳо аз рафти шарикии стратегии ду кишвар дар соҳаи нақбсозӣ ва бунёди нерӯгоҳи обии Сангтӯда — иҳори қаноатмандӣ карда, ҳамзамон арзи боварӣ ба он карданд, ки ҳамкорӣ дар соҳаҳои илму маориф, фарҳанг, иттилоот, соҳибкорӣ, тандурустӣ, варзиш, сайёҳӣ ва дар дигар самтҳои дорои имкону захираҳои фаровон низ таҳкиму густариш меёбанд.                   Зимни сӯҳбат зарурати таҳия ва татбиқи барномаи яксола ё худ сесолаи ҳамкории мақомоти марбутаи соҳаи ҷавонони Тоҷикистону Эрон мувофиқи мақсад арзёбӣ гардид.                    Дар мулоқот ҳамчунин оид ба дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷӯҳ гуфтугӯ сурат гирифт.                   Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.  

Май 18, 2009 13:56

Хабарҳои дигари ин бахш

4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд