МУЛОҚОТИ ШАҲРСОЗОНИ МАМЛАКАТҲОИ ИДМ

Май 18, 2009 17:09

                       Душанбе, 18 май. (АМИТ «Ховар», Мавзуна Бойева).- Дар Душанбе маҷлиси XXVII -уми Шӯрои байниҳукуматии ҳамкории мамлакатҳои ИДМ дар соҳаи сохтмон баргузор гардид. Иштирокчиёни он масъалаҳои муҳимтарини соҳаро муҳокима карда, таҷрибаи муфиди ҳамдигарро омӯхтанд.                      Муовини аввали сарвазири ҶТ Асадулло Ғуломов иштирокчиёни маҷлисро аз номи роҳбарияти ҷумҳурӣ хайра мақдам гуфт. Вай дар бораи вазъияти имрӯзаи сохтмон дар Тоҷикистон ва дигаргуниҳои мусбати он сухан ронда, ба кори иштирокчиёни маҷлис муваффақият орзу намуд.                     Баъдан аъзоёни Шӯрои байниҳукуматӣ масъалаҳои муҳими меъморӣ ва шаҳрсозӣ, инчунин таъсири бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ ба соҳаи сохтмонро муҳокима намуданд.                     Дар фарҷоми маҷлис ба ғолибони озмуни Шӯрои байналмилалии байниҳукуматии ҳамкории давлатҳои ИДМ дар соҳаи сохтмон мукофотҳо супорида шуд.  

Май 18, 2009 17:09

Хабарҳои дигари ин бахш

4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд