МУНОСИБАТҲОИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОНУ ТУРКИЯ БО СУРЪАТ МЕАФЗОЯНД

Май 21, 2009 16:55

                        Душанбе, 21 май. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Аз 28 то 30 майи соли ҷорӣ Президенти Ҷумҳурии Туркия Абдулло Гул бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф меорад.                        Қобили қайд аст, ки Ҷумҳурии Туркия яке аз аввалин кишварҳое буд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун кишвари соҳибистиқлол эътироф карда, 29 январи соли 1992 муносибатҳои дипломатияшро бо ин кишвар ба роҳ монд. Сафоратхонаи Тоҷикистон дар Туркия аз соли 1995 инҷониб фаъолият мекунад ва Сафорати Туркия дар Тоҷикистон соли 1992 боз шуда буд.                         Мавриди зикр аст, ки моҳи марти соли ҷорӣ бо иштироки Сарвари Давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар пойтахти Туркия — шаҳри Анқара бинои нави Сафорати Тоҷикистон дар Туркия ифтитоҳ гардид.                         Тоҷикистону Туркия дар масъалаҳои марбут ба рушди робитаҳои дуҷониба ва байналмилаливу минтақавӣ назари ба ҳам наздик доранд. Дар давоми ду соли охир пайиҳам мубодилаи мол миёни ин ду кишвар аз ним миллиард доллар мегузарад. Густариши ҳамкориҳо дар бунёди корхонаҳои муштараки саноатӣ, нерӯгоҳҳои нави обӣ дар Тоҷикистон ва иштироки фаъол дар татбиқи лоиҳаҳои инфрасохтории минтақаи Осиёи Марказӣ аз самтҳои асосии ҳамкории иқтисодию инвеститсионии Тоҷикистону Туркия мебошад.                         Ҷумҳурии Туркия яке аз кишварҳои шарики асосии тиҷоратии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, дар давоми панҷ соли охир гардиши мол миёни ин кишварҳои вусъати тоза пайдо кардааст. Дар давоми 11 моҳи соли 2006 гардиши мол миёни Тоҷикистону Туркия ба сатҳи баланд расида, ба 414 миллиону 866 ҳазор доллари ИМА баробар шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2005-ум 3 маротиба зиёд мебошад. Дар давоми чор моҳи аввали соли ҷорӣ бошад, гардиши мол миёни Тоҷикистону Туркия 54 миллиону 786,5 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 26,3 фоиз зиёд аст. Аз ин шумора 34 миллиону 349,8 ҳазор содирот ва 20 миллиону 436,7 ҳазори дигараш воридот мебошад.                        Дар Тоҷикистон зиёда аз 15 ҷамъиятҳои саҳомии тоҷикию туркӣ ба қайд гирифта шудааст, ки дар соҳаҳои савдо, нассоҷӣ, полиграфия, сохтмон ва амсоли инҳо фаъолият мекунанд. Ширкатҳои сохтмонии Туркия пудратчии сохтмони ду меҳмонхонаи панҷситорадор ва дигар иншооти замонавӣ, бахусус марказҳои савдо дар Душанбе мебошанд. Инчунин, ҷиҳати таҳкими равобити дуҷониба хатсайрҳои мустақим миёни Тоҷикистону Туркия фаъолият мекунанд, ки ин ҳама далели рушди мутақобилан судманди муносибатҳои иқтисодии ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Туркия мебошад.                        Махсус бояд зикр намуд, ки татбиқи амалии лоиҳаҳои стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои гидроэнергетика ва коммуникатсия на танҳо барои Тоҷикистон, балки барои тамоми кишварҳои Осиёи Марказӣ аҳамияти бузург дорад. Аз ин рӯ, иштироки мутахассисон ва сармояи Ҷумҳурии Туркия дар ин самт дар минтақа аҳамияти муҳим дорад.

Май 21, 2009 16:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Кантслери федералии Ҷумҳурии Федеративии Олмон Фридрих Мерс барқияи табрикӣ ирсол намуданд
Иҷлосияи дуюми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Дар Хатлон вобаста ба амалиёти пешгирикунандаи «Маданияти шаҳрдорӣ» ҷаласа баргузор гардид
Оид ба тайёр намудани мутахассисони касбӣ ва омӯзиши фанҳои дақиқ машварати илмӣ баргузор гардид
Туҳфаи Президенти Тоҷикистон ба иштирокчиёни Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ супорида шуд
Дар Норак бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон бо сарбозон вохӯрӣ доир шуд
Маҳмадсолеҳ Қосимов: «Ҳар қадаре заминро оқилонаю самаранок истифода барем, ҳамон қадар баракаташро мебинем»
Вакили Маҷлиси намояндагон иштирокчиёни Ҷанги дуюми ҷаҳонро дар шаҳри Ҳисор аёдат намуд
Дар Хуҷанд байни духтарон мусобиқаи дӯстонаи футбол баргузор гардид
Дар Файзобод оид ба пешгирии қонунвайронкуниҳо дар самти истифодаи қувваи барқ вохӯрӣ доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст