МУТАХАССИСОН ТАЙЁРИИ МУАССИСАҲОИ ФАРҲАНГРО БАРРАСӢ МЕКУНАНД
Душанбе, 8 май. (АМИТ «Ховар», Фарангис Рахимова). — Имрӯз 8 май дар Китобхонаи давлатии патентӣ-техникӣ бо ташаббус ва дастгирии молиявии барномаи «Фарҳанг ва ҳунар»-и Институти «Ҷамъияти Кушода» Бунёди Мадад дар мавзўи «Системаи идоракунии маркетингии муассисаҳои фарҳанг» семинар чамбаст мегардад. Тавре ба АМИТ «Ховар» ҳамоҳангсози барномаи «Фарҳанг ва ҳунар»-и Институти «Ҷамъияти Кушода» Бунёди Мадад Гуландом Набиева хабар дод, дар кори семинар мутахассисони пешбари Вазорати фарҳанги ҶТ, Раёсатҳои фарҳанги шаҳрҳои Кўлоб, Қўрғонтеппа, Хоруғ, Хуҷанд, намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятии соҳаи фарҳанг ва ҳунар, мутахассисони китобхонаҳо ва донишҷўёни Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода иштирок карданд. Сессияи тренингиро фарҳангшиносони Академияи давлатии фарҳанг ва санъати Челябинск гузаронданд. Мақсади лоиҳа — ба кормандони соҳаи фарҳанг омўзондани хусусиятҳои идоракунии маркетингӣ дар риштаи иҷтимоию фарҳангӣ, ҳалли оқилонаи проблемаҳо, усулҳои пешгўикунӣ, арзёбии натиҷаҳои меҳнат дар идоракунӣ, хусусиятҳои идоракунии кормандон ва муваффақиятнокии идоракунӣ мебошад. Лоиҳа аз сабаби ба вуҷуд омадани зарурати тайёркунии муассисаҳои фарҳанг ба кор дар шароити бўҳрони моливии ҷаҳонӣ ташкил карда шуд.








4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд






