НАРХҲОИ БОЗОРРО ПАСТ КАРДАН МУМКИН АСТ?

Май 15, 2009 16:14

                       Бадахшон, 15 май. (АМИТ «Ховар», Лутфишо Додо).-Имрӯзҳо дар бозори марказии шаҳри Хоруғ ва бозорҳои навоҳии болоби рӯдхонаи Панҷ нархи пиёз аз 4 сомонӣ гузашту картоштаю сабзӣ ба 3 сомонӣ расид. То ҳосили нав он пайваста боло меравад. Суоле ба миён меояд, ки оё дар диёре, ки барои парвариши сабзавот кулли шароитҳо муҳайёанд, нархҳои сабзавотро паст кардан мумкин аст?                     — Бале, мегӯяд коршиноси варзидаи соҳаи кишоварӣ аз ноҳияи Ванҷ Д. Кӯҳканиев Шаҳри Хоруғ ва навоҳии болооби рӯдхонаи Панҷ, ки ба маҳсулоти кишоварзӣ ниёз доранд, метавонанд харидори доимии катошкаю сабзию пиёзи аълосифати ноҳияи Ванҷ бошанд. Аммо ба хотири амалӣ гардидани он кӯшиши тарафайн мебояд. Маъмурияти бозори марказӣ ва дигар бозорҳои вилоят метавонанд дар ин роҳ гоми нахуст гузоранд ва соҳибкоронашро ба сомони ин амал сафарбар намоянд, зеро тирамоҳи ҳар сол ин намуди маҳсулотро соҳибкорони шаҳри Душанбею вилояти Хатлон бо нархи хеле арзон харида мебаранд.                        Чунин ҳамкориро на танҳо ба деҳқонони ноҳияи Ванҷ, балки бо деҳқонони навоҳии Дарвоз, Рӯшон ва Ишкошим низ ба роҳ мондан судбахш аст, иброз доштанд аз идораи кишоварзии вилоят. Агар чунин тадбир пиёда гардонида шавад, нархи маҳсулоти кишоварзӣ дар бозорҳои вилоят ба маротиба поён мефурояд.

Май 15, 2009 16:14

Хабарҳои дигари ин бахш

4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд