НОҲИЯИ РӮДАКӢ АҲОЛИИ ПОЙТАХТРО БО МАҲСУЛОТ ТАЪМИН МЕКУНАД

Май 27, 2009 16:59

                       Душанбе, (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Кишоварзони ноҳияи Рӯдакӣ дастуру супоришҳои Президенти кишварро оид ба таъмини амнияти озуқавории мамлакат, баҳри самаранок истифода бурдани замин ва рӯёнидани ду-се ҳосил аз ҳар гектар сармашқи кори худ карда, дар соли ҷорӣ майдони заминҳои корамро самаранок истифода намуда, аз ҳисоби тухмиҳои серҳосил тирамоҳи соли 2008 дар майдони 9543 гектар кишти ғаллаи тирамоҳӣ гузарониданд, ки нисбат ба як сол пеш 3887 гектар, аз он ҷумла дар заминҳои обӣ 2264 гектар зиёд аст.                       Соли ҷорӣ майдони кишти картошка ба 232 гектар расонида шуд. Бо мақсади таъмини аҳолии пойтахт бо сабзавоти тару тоза дар майдони 258 га сабзавот кишт карда шуд, ки нисбат ба соли 2008 9 га зиёд аст. Баҳри таъмини аҳолии пойтахт бо сабзавоти тару тоза, махсусан кабутиҳо, дар 5,2 га гармхона ва дар 25 га кишти сабзавоти зери плёнка гузаронида шуд ва аллакай ҳосили он пешкаши сокинони пойтахт гардонида шудааст.

Май 27, 2009 16:59

Хабарҳои дигари ин бахш

4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд