ОҚИЛ ОҚИЛОВ БА ОСТОНА РАФТ

Май 21, 2009 10:55

                       Душанбе, 21 май. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова ). — Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Оқил Оқилов субҳи имрӯз барои иштирок дар маҷлиси навбатии Шӯрои сарони ҳукуматҳои мамлакатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба пойтахти Ҷумҳурии Қазоқистон — шаҳри Остона рафт.                       Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки сарони ҳукуматҳои ИДМ 18 масъаларо муҳокима менамоянд.                        Масъалаи асосии рӯзномаи маҷлис баррасии нақшаи тадбирҳои даври аввали иҷрои барномаи стратегии рушди иқтисодии ИДМ дар давраи то соли 2020 мебошад. Иштирокчиёни маҷлис, инчунин, лоиҳаи нақшаи тадбирҳои афзалиятноки соҳаи ҳамкории гуманитарии давлатҳои ИДМ — ро дар давраи солҳои 2009 — 2010, нақшаи тадбирҳои муштаракро барои бунёди низоми воҳиди ба ҳисобгирии шаҳрвандони давлатҳои дигар ва шахсони бетабаа мавриди баррасӣ қарор медиҳанд, ки ба қаламрави давлатҳои ИДМ ворид мегарданд. Дар маҷлис масъалаҳои дигар низ муҳокима карда хоҳанд шуд.

Май 21, 2009 10:55

Хабарҳои дигари ин бахш

4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд