ОФАТИ ТАБИӢ ҶОНИ 8 НАФАР ШАҲРВАНДРО РАБУД
Душанбе, 12 май. ( АМИТ «Ховар», Анварбек Сиддиқов)- Дар натиҷаи омадани сел, фуромадани сангу ярч ва раъду барқе, ки дар натиҷаи боридани боронҳои шадиди се ҳафтаи охир дар ҷумҳурӣ ба вуқӯъ пайваст, 8 нафар шаҳрвандон ҳалок ва панҷ нафар ҷароҳат бартоштанд. Тавре аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, бар асари омадани сел шаби 10 май дар деҳаи Машъали наздикии шаҳри Душанбе риштаи умри се нафар кӯдак канд шуд ва падари онҳо бо бардоштани ҷароҳатҳои ҷисмонӣ ба беморхонаи бурда шуд. Аз рӯи ҳисобҳои пешакӣ хисороти расонидаи офатҳои табиӣ ба хоҷагиҳои халқи ҷумҳурӣ 3 миллион сомониро ташкил медиҳад.








4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд






