ОЛМОН БАРОИ ТАТБИҚИ ЛОИҲАҲОИ ТОҶИКИСТОН 36 МЛН. ЕВРО ҶУДО МЕНАМОЯД
Душанбе, 14 май. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Имрӯз дар шаҳри Душанбе Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федералии Омон оид ба ҳамкориҳои молиявӣ дар давоми солҳои 2008-2009 ва Созишнома байни Ҳукумати ҶТ ва Ҳукумати ФО оид ба ҳамкориҳои техникӣ ба имзо расид. Созишномаи аввал дар ҳаҷми 29 миллион евро қарзҳои бебозгаштро дар бар гирифта, дар татбиқи лоиҳаҳои таъсиси банкҳои молиявии хурд, бунёди нерӯгоҳҳои хурди барқи обӣ, иваз намудани таҷҳизоти НБО «Норак», дастгирии аҳолии қишлоқҷойҳо ва амсоли инҳо равона шудааст. Созишнома оид ба ҳамкориҳои техникӣ бошад аз 7 миллион евро қарзи бебозгашт иборат аст ва он дар татбиқи лоиҳаҳои рушди соҳибкории хурду миёна, дастгирии аҳолии қишлоқҷойҳо тариқи қарздиҳии хурд, дар самти ислоҳоти соҳаи маориф ва ғайра истифода мешавад. Мавриди зикр аст, ки ин созишномаҳоро аз ҷониби Ҳукумати ҶТ вазири рушди иқтисод ва савдо Ғуломҷон Бобозода ва аз ҷониби Ҳукумати ФО сафири фавқулода ва мухтори Олмон дар Тоҷикистон хонум Дорис Хертрампф ба имзо расониданд. Ёдовар мешавем, ки аз оғози муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Олмон дар самти ҳамкориҳои техникӣ ва молиявӣ аз ҷониби Ҳукумати Олмон 119,3 миллион евро ҷиҳати дастгирии Ҳукумати Тоҷикистон ҷудо гаштааст.








4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд






