ОМӮЗИШИ ЗАБОНИ ПОМИРӢ ДАР ДОНИШГОҲИ ИЁЛОТИ КЕНТУККИИ АМРИКО
Бадахшон, 25 май. (АМИТ «Ховар», Лутфишо Додо).- Китоби грамматикаи муқоисавии забонҳои шуғнонӣ ва англисӣ омодаи чоп аст, — гуфт доктори илмҳои филологӣ Муқбилшо Аламшоев. Дар мураттаб намудани китоби номбурда гурӯҳи олимони Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ, Пажӯҳишгоҳи улуми инсонии Академияи улуми ҷумҳурӣ ва Донишгоҳи иёлоти Кентуккии Амрико заҳмати зиёде ба харҷ додаанд. Муқбилшо Аламшоев ба наздикӣ аз сафари Амрико баргашта иттилоъ дод, ки дар бахши ховаршиносии Донишгоҳи Кентукки қатори дигар забонҳои бехати дунё забони шуғнонӣ низ омӯхта мешавад, зеро он чун забони қадими эронӣ арзёбӣ мешавад.








4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд






