ОВОЗХОНИ МАШҲУРИ ӮЗБЕКИСТОН БА ДУШАНБЕ МЕОЯД
Душанбе, 6 май. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Овозхони машҳури Ӯзбекистон Озодбек Назарбеков рӯзҳои наздик барои ҳунарнамоӣ ба пойтахти Тоҷикистон меояд. Ӯ рӯзҳои 13-14 май дар «Кохи Вахдат» консерт медиҳад. Ташкилкунандагони барнома муассисаи хунарии давлатии «Базморо» ва Вазорати фарҳанги ҶТ мебошанд. Аз дафтари матбуотии вазорати фарҳанг ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки Озодбек Назарбеков барномаи махсуси консертӣ намоиш хоҳад дод. Барномаи консертии ӯ сурудҳои нави тоҷикию ӯзбекиро дар бар мегирад. Қайд кардан зарур аст, ки Озодбек Назарбеков дар соҳаи санъат ва ҳунари Ӯзбекистон мақоми хос дорад. Сурудҳои ӯро ҳам насли калонсол ва ҳам ҷавонон меписанданд.








4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд






