ОЗМУНИ ИТТИҲОДИ АВРУПО БАРОИ ЖУРНАЛИСТОН
Душанбе, 13 май. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). — 12 май дар саросари ҷаҳон Рӯзи ҷаҳонии озодии матбуот таҷлил карда шуд. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки Комиссияи Аврупо ба ин муносибат барои журналистон бо мақсади ба даст овардани ҷоизаи ба номи Лоренсо Натали дар соли 2009 озмун эълон намуд.Ҷоизаи мазкур ба журналистоне дода мешавад, ки садоқати худро ба ғояҳои демократия, рушд ва эҳтироми ҳуқуқи инсон нишон додаанд. Ҷоизаи ба номи Лоренсо Натали дар соҳаи матбуот соли 1992 таъсис дода шуда буд. Соли 2008 дар ин озмун аз 151 давлат бештар аз 1500 журналист иштирок дошт. Дар озмуни мазкур ҳамаи журналистони радиою телевизион, матбуот ва агентиҳои иттилоотӣ ширкат варзида метавонанд. Маблағи умумии ҷоиза 600 ҳазор евроро ташкил медиҳад.








4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд






