ОЗМУНИ ПАЖӮҲИШГОҲИ БОНКИ РУШДИ ОСИЁ БАРОИ ЖУРНАЛИСТОН

Май 20, 2009 16:39

                        Душанбе, 20 май. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова ). — Пажӯҳишгоҳи Бонки рушди Осиё барои журналистони мамлакатҳои рӯ ба инкишофи Осиё ва ҳавзаи уқёнуси Ором дар мавзӯи «Осиёи рӯ ба инкишоф» озмун эълон намуд.                         Аз намояндагии доимии Бонки рушди Осиё дар Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки мақолаҳои ба озмун пешниҳодшуда, дар чор мавзӯъ муҳокима карда мешаванд. Ин мавзӯъҳо таъсири бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ ба одамони камбизоат, вокуниши ҳукуматҳо ба бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ, рушди соҳаҳои ёрирасон ва бартараф сохтани оқибати гарм шудани иқлим мебошанд.                         Ҳайати байналхалқии доварон 20 мақолаи беҳтаринро интихоб карда, муаллифони онҳоро ба машғулияти чоррӯза ба Токио мефиристад. Аз байни мақолаҳои интихобшуда дар ҳар мавзӯъ ғолибон муайян карда мешаванд.                         Ҷоизаҳои озмун дар фарҷоми машғулият дар Токио супурда хоҳанд шуд.                          Мухбири АМИТ «Ховар» ёдовар мешавад, ки Пажӯҳишгоҳи Бонки рушди Осиё соли 1997 дар Токио таъсис дода шуда буд.

Май 20, 2009 16:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд