ПОСИ ХОТИРИ ҒОИБНАЗАР ҚАЛАНДАРОВ
Душанбе, 12 май. (АМИТ «Ховар», Таҳмина Ғоибназарова). — Дар Иттифоқи журналистони Тоҷикистон барои поси хотири Ғоибназар Қаландаров ҷамъомади серодам баргузор гардид. Дар он шоирону нависандагон, рӯзноманигорон, собиқадорони соҳаи журналистика ва дӯстону ҳамкорони Ғ.Қаландаров иштирок доштанд. Онҳо дар бораи саҳми калони Ғ.Қаландаров дар пешрафти соҳаи журналистикаи тоҷик сухан ронданд. Иштирокчиёни ҷамъомад пешниҳод карданд, ки ба мақомоти иҷроияи Ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе мактуб навишта, дар он хоҳиш карда шавад, ки номи Ғоибназар Қаландаров ба яке аз кӯчаҳои шаҳр гузошта шавад. Инчунин, пешниҳод карда шуд, ки дар соҳаи журналистика ҷоизаи махсуси ба номи Ғ.Қаландаров таъсис дода шавад. Ҷоизаи мазкур ба журналистони варзида барои саҳми калонашон дар пешрафти соҳа дода шавад. Мухбири АМИТ «Ховар» ёдовар мешавад, ки Ғоибназар Қаландаров 10 апрели соли равон дар шаҳри Санкт — Петербург вафот карда буд.








4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд






