ПОСИ ХОТИРИ ҚУРБОНИЁНИ ЗИЛЗИЛАИ ҲОЙИТ

Май 21, 2009 17:35

                       Душанбе, 21 май. (АМИТ «Ховар», Таҳмина Ғоибназарова). — Моҳи июли соли равон ба рӯзи рух додани зилзилаи шадид дар деҳаи Ҳойит 60 сол пур мешавад. Дар натиҷаи ин фоҷиа садҳо нафар одамон қурбон шуданд.                         Мудири шӯъбаи ҳифзу истифодаи мероси таърихию фарҳангии Вазорати фарҳанг Музаффар Азизов ба мухбири АМИТ «Ховар» гуфт, ки дар деҳаи Ҳойит ба хотири қурбониёни зилзила ҳайкали ёдгорӣ гузошта мешавад. Мутахассисони Вазорат айни ҳол тарҳи ҳайкали ёдгориро омода месозанд.                           Муҷассамасози шӯравӣ Ҷумагазин Кирей солҳои 70 — уми асри гузашта ба хотири қурбониёни ин зилзила ҳайкали ёдгории «Модари Ҳойит» — ро офарида буд. Вале он солҳои ҷанги дохилӣ хароб гардид.                          Ғайр аз ин дар деҳаи Ҳойит бахшида ба ин воқеаи мудҳиш осорхона кушода мешавад.

Май 21, 2009 17:35

Хабарҳои дигари ин бахш

4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд