ПРЕЗИДЕНТ ҶТ БА ИШТИРОКЧИЁНИ ҶБВ КӮМАКИ МОДДӢ РАСОНД

Май 7, 2009 15:16

                     Душанбе, 7 май. (АМИТ «Ховар», Тахмина Ғоибназарова).- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати 64 солагии Ғалаба дар ҶБВ ба иштирокчиён, ветеранҳо ва коргарони ақибгоҳ, инчунин аъзои оилаи саробонашон дар ҷанг ҳалокшуда ба маблағи 350 сомонӣ кӯмак расонд. Дар ин бора раиси Шӯрои ветеранҳои Ҷумҳурӣ Раҳматҷон Қудратов ба АМИТ «Ховар» хабар дод. Вай зикр намуд, ки мувофиқи дастури Президенти ҶТ Эмомали Рахмон аз 23 апрели соли 2009, барои расонидани кӯмаки моддӣ ба иштирокчиёни ҷанг аз ҳисоби захираи эҳтиётии сардори давлат 1 миллиону 204 ҳазору 350 сомони ҷудо карда шуд.  

Май 7, 2009 15:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Доир ба пешниҳоди каналҳои коммуникатсионии лоиҳаи «Намоиши коркарди ғайритермалии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ» машварат баргузор гардид
ТААССУРОТИ ХОТИРМОНИ МИНИ-ФУТБОЛ. Дар Душанбе даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор гардид
ОҒОЗИ МАВСИМИ НИҲОЛШИНОНӢ. Дар вилояти Хатлон 600 ҳазор бех дарахти ороишию сояафкан шинонида мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Бахшида ба 31-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Москва ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025» натиҷагирӣ карда шуд
Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба солгарди таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ баргузор гардид
Дар Хадамоти алоқа ба муносибати Рӯзи ҳуқуқи инсон ҳамоиш доир шуд