РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БО ҶАВОНОН ВОХӮРД
Қӯрғонтеппа, 25 май. (АМИТ «Ховар», Мурод Сотиев). Дар маркази маъмурии вилояти Хатлон-шаҳри Қӯрғонтеппа раиси вилояти Хатлон бо намояндагони ҷавонони вилоят вохӯрӣ гузаронд. Дар баромади худ Ғайбулло Авзалов саҳми ҷавононро дар пешрафти ҷомеаи имрӯзаи мо қайд карда, ҳамзамон пешравиҳоро дар соҳаи варзиш ба онҳо вобастагӣ намуд. Раиси вилоят қайд кард, ки ҷавонон дар мусобиқаҳои байналхалқӣ ва осиёгӣ баромад намуда, ҷойҳои аввалро ишғол намуданд. Дар вохӯрӣ раиси вилоят ба як қатор ҷавонон мукофотҳоро барои дастовардҳо дар соҳаи варзиш ва илмомӯзӣ тақдим намуд.








Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид






