РОҒУН МАКОНИ ТАҶРИБАОМӮЗИИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКҲО
Душанбе,8 май. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод),- Донишгоҳи энергетикии Қӯрғонтеппа сесола мешавад. Маҳз донишҷӯёни соли сеюми ин Донишгоҳ дар Роғун- шаҳри энергетикҳо хоҳиши таҷрибаомӯзиро доранд. Ин хоҳиш ташаббускории солҳои 60-и асри гузаштаро ба хотир меорад, ки донишҷӯён ҳангоми таътили тобистона ба корҳои ҷамъоварии ғалла ба Ҷумҳурии Қазоқистон ва дигар шаҳрҳои Россия ба кор мерафтанд.Талаби донишҷӯёни Донишгоҳи энергетикиии шаҳри Қӯрғонтеппа то ҷое «патриотизм» — (ватанпарастӣ)-ро дар замири ҷавонон нишон медиҳад, аммо роҳбарияти сохтмон ин даъватро чӣ тавр қабул мекарда бошад, ин гапи дигар аст. Агар таҷрибаомӯзиии донишҷӯён дар муддати се моҳи таътил дар ин сохтмони азим гузарад, онҳо назарияи сесола гирифтаи худро дар амалия татбиқ хоҳанд кард. Пас, часпу талоши устодон ҳам барои татбиқи назария дар амалия зарур аст, ки ба шогирдон кӯмаке дар ташаббускории эшон дошта бошанд.








4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд






