РОҲҲО ТАЪМИР МЕЁБАНД
Мӯъминобод, 14 май. (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов).-Муассисаи давлатии роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Мӯъминобод барои нигоҳубин ва таъмири роҳҳо дар 3 моҳи соли ҷорӣ нақшаи нигоҳдории роҳҳои автомобилгардро ба маблағи 29 339 сомонӣ расонид. Тавре сардори муассиса Темур Ҳаётов иттилоъ дод, то ин давра маблағи 12 970 сомонӣ таъмири ҷорӣ иҷро гардид, ки нисбати нақша 3 баробар зиёд аст. Инчунин ба гуфтаи манбаъ кормандони муассиса, айни ҳол ба таъмири роҳҳо сафарбар карда шудаанд. Мавриди зикр аст, ки 3 километр роҳҳои ҷамоати деҳоти Қулчашма ва 3 километр роҳҳои ҷамоати Деҳибаланди ноҳия рӯзҳои наздик аз таъмир бароварда шуда аз сари нав асфалтпӯш карда хоҳад шуд. Дар ин самт техникаҳои лозима басанда буда омодаи кор мебошанд.








4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд






