С. РАЗАВӢ: «РИСОЛАТИ МО ГИРИФТАНИ ДАСТИ ЭҲТИЁҶМАНДОН АСТ»

Май 25, 2009 17:41

                         Дар шароити кунунии ҷомеаи Тоҷикистон, бахусус гузариш ба шаклҳои нави муносибатҳои иқтисоди бозаргонӣ ва дар заминаи он коҳиш додани сатҳи кабизоатӣ Роҳбарият ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои мушаххас ва самарабахш меандешад. Яке аз чунин тадбирҳо ва иқдоми наҷиб таҳияи Барномаи давлатии стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Мавриди зикр аст, ки бобати амалӣ гардонидани барномаи мазкур иддае аз созмонҳои ҷамъиятӣ ва байналмилалӣ фаъолияти худро дар ин самт ба роҳ мондаанд, ки он барои татбиқи ин барнома мусоидат менамояд. Намояндагии дар Тоҷикистон будаи Кумитаи байналмилалии имдоди имом Хумайнии Ҷумҳурии Исломии Эрон аз ҷумлаи чунин созмонҳои хайриявиии байналмилалист, ки аз таъсисёбии он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 15 сол сипарӣ гардид. Дар зарфи 15 соли фаъолият намояндагии Кумитаи мазкур дар Тоҷикистон кадом корҳоро ба анҷом расонд ва дар оянда чи нақшаҳо дорад. Атрофи ин масъала муҳоварае оростаем бо Роҳбари намояндагии Кумитаи имдоди имом Хумайнии Эрон дар Тоҷикистон Сайидҷаводи Разавӣ.                       -Саидҷаводи Разавӣ мегуфтед, ки фаъолият ва хидматгузории намояндагии Кумита дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз кай оғоз ёфтааст ва рисолати он дар чист?                          -Бояд тазаккур дод, ки кӯмаку дасти ёрӣ дароз намудан ба камбизоатону мӯҳтоҷон ва ҳимматбаландӣ яке аз фазилатҳои неку ҳамидаи инсонист. Ин хислатҳои наҷиб ҳанӯз дар қарнҳои қаблӣ дар ашъори бузургони илму адаби форсӣ инъикос ёфтааст. Тавре падари шеъри форсӣ Рӯдакии бузургвор фармуда: «Гар дасти фитодае бигирӣ мардӣ». Воқеан кӯмаку ёрмандӣ ба шахсони камбағал, навозишу меҳрубонӣ ба ятимону барҷомондагон ва ашхоси кӯҳансолу танҳо кори хайру савоб аст.                        Дафтари намояндагии Кумита аз соли 1994 баъди ба тасвиб расидани Созишнома байни Кумитаи байналмилалии имдоди имом Хумайнии Эрон ва Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ба фаъолият шурӯъ кард. Намояндагии кумита фаъолияти худро дар Тоҷикистон дар зарфи 15 сол ҳамвора бо риояи усули кори худ, яъне хизматрасонии содиқона, эҳтироми риояи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, кӯмак расонидан ба ниёзмандони воқеӣ ва ҳифзи каромати инсонии онҳо идома медиҳад, ки хушбахтона мавриди ризоияти роҳбарияти Тоҷикистон, хусусан Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дигар масъулини идора ва мардум гардидааст.                         Рисолати асосии Кумита ин расонидани кӯмакҳои башардӯстона ва беғаразона, таҳти ҳимоят қарор додани оилаҳои камбизоат, эҳтиёҷманд ва бепарастор мебошад. Алҳол ба 30 ҳазор нафар кӯмаки доимӣ, аз қабили маводи хӯрока расонида мешавад. Инчунин, ба зиёда аз 3 ҳазор нафар кӯҳансолон дар ҳар ду моҳ як маротиба маблағ кӯмак карда мешавад. Дар назди намояндагии Кумита бахши дармонӣ фаъолият менамояд, ки табибони ин бахш беморонро ташхис ва муолиҷа намуда, онҳоро бо дору низ таъмин менамоянд. Танҳо дар соли сипаригашта аз ҷониби табибони ҳозиқи бахши дармонии намояндагии Кумита ба наздики 3 ҳазор беморон ёрии тиббӣ расонида шуд.                         Инчунин, зиёда аз 14 ҳазор талаба ва 300 нафар донишҷӯёне, ки аз оилаҳои камбизоатанд ва дар донишгоҳҳои олӣ таҳсил менамоянд, дар бахши фарҳангӣ аз кӯмакҳои кумита бархӯрдоранд. Ҳамзамон дар бахши таъмири манзили оилаҳои ниёзманд намояндагии Кумита корҳои зиёдеро ба сомон расонидааст. Дар давоми соли 2008 беш аз 125 манзили оилаҳое, ки таҳти ҳимояти кумита қарор доранд, таъмир карда шуд.                      -То ҷое мусаллам аст Кумита бо таъсиси бахши худтаъминкунӣ доираи фаъолияти худро то андозае тағйир дод. Ин равандро чи гуна шарҳ медиҳед?                      Воқеан, мақсади ин бахш пеш аз ҳама коҳиш додани шумораи оилаҳои камбизоат ва рушди тиҷорати хурд дар Тоҷикистон аст. Кадом оилаҳое, ки қудрату тавоноии корӣ барои беҳбудии рӯзгори худ доранд ба онҳо қарз дода мешавад.                        — Бефоиз?                        Бале, бефоиз. Шахсоне, ки бобати худтаъминкунии оила ва беҳдошти вазъи иҷтимоии хонаводаи худ саъю талош менамоянд, ба намояндагии Кумита дар асоси мактуб бо назардошти пешниҳод аз маҳалли истиқомат ба Кумита муроҷиат менамоянд. Мудирият ва ҳайати Кумита баъди баррасии мактуб коршиносони худро ба хонаводаҳое, ки ба мо бобати дастрас кардани маблағ муроҷиат менамоянд, ба хонаҳои онҳо мефиристад. Баъди омӯзиш ва таҳқиқи ҳаматарафаи вазъи иҷтимоии хонавода ва гузориши коршиносон ба онҳо маблағи аз дусад то 500 доллар қарзи бефоиз дода мешавад.                        Шахсоне, ки аслан қарз гирифтаанд, ба тиҷорати хурд, аз ҷумла нонпазӣ, дӯзандагӣ, занбӯри асалпарварӣ, чорводорӣ шуғл меварзанд, ки ин ба беҳтар гардидани сатҳи некӯаҳволии рӯзгори оилаи онҳо мусоидат мекунад. Имрӯз бо маблағҳои намояндагии Кумита дар Тоҷикистон беш аз 500 нафар бо тиҷорати хурд машғул мебошанд. Ҳастанд бисёре аз хонаводаҳое, ки бо маблағҳои кумита рӯзгори худро хуб таъмин намуда, ба беҳдошти зиндагӣ мушарраф гардидаанд. Ҷорӣ намудани чунин тарзи корбарӣ натанҳо ба беҳдошти вазъи рӯзгори хонаводаҳои камбизоат, балки ба рушду густариши соҳибкории хурд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо ҷои кор таъмин намудани аҳолӣ мусоидат менамояд.                        -Ғайр аз шаҳри Душанбе боз дар кадом минтақаҳои Тоҷикистон намояндагӣ ва шӯъбаҳои Кумита фаъолият доранд?                       -Бобати тавсеаи доираи фаъолияти Кумита ва кӯмак расонидан ба табақаҳои ниёзманди аҳолии Тоҷикистон дар шаҳрҳои Душанбе, Қӯрғонтеппа, Кӯлоб, Хуҷанд, Хоруғ, Ваҳдат, ноҳияҳои Рашту Нуробод намояндагӣ ва шӯъбаҳои Кумита таъсис дода шудааст. Дар Эрон бошад, беш аз ҳазор шӯъба фаъолият дорад ва ба ниёзмандон кӯмак расонида мешавад. Бояд тазаккур дод, ки Кумита баъди 22 рӯзи пирӯзии инқилоби исломӣ дар Эрон ташкил карда шудааст ва ҳадафи он дасти кӯмак дароз кардан ба барҷомондагон ва эҳтиёҷмандон аст.                        — Солҳои охир аз ҷониби намояндагии Кумита дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор намудани тӯйҳои хонадоршавии фарзандони оилаҳои ниёзманд ба ҳукми анъана даромадааст. Дар оянда чунин тӯйҳо дар кадом минтақаҳои Тоҷикистон гузаронида мешаванд?                       — Бояд бигӯям, ки ин иқдоми наҷиб зимни сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Эрон ва дидору мулоқоташ бо собиқ раиси кулли Кумитаи имдоди имом Хумайнии Эрон Сайидризо Наирӣ тарҳрезӣ гашта буд. Мақсад аз баргузории чунин тӯйҳо дастгирии оилаҳои камбизоат ва беҳтар сохтани вазъи иҷтимоии оилаҳои эҳтиёҷманд аст. То имрӯз дар Тоҷикистон 6 тӯйи издивоҷи гурӯҳии махсуси ҷавонони ниёзманд, дар шаҳрҳои Душанбе, Кӯлоб ва ноҳияи Нуробод ва чанде пеш дар маркази маъмурии вилояти Суғд шаҳри Хуҷанд гузаронида шуд, ки дар он ноиби Президенти Эрон, Раиси Созмони миллии ҷавонони Эрон Ҳоҷӣ Алиакбарӣ иштирок намуда, навхонадоронро бо рӯзи сайиду фархунда табрик гуфт. Ба ҳар як ҷуфт ба маблағи 3 ҳазору 500 сомонӣ ҷиҳози арӯсӣ ва асбобу анҷоми рӯзғор, аз қабили ҷевон, мошинаи ҷомашӯӣ, дарздӯзӣ, яхдон, қолин, тафдон ва ғайра ҳадя карда шуд.                        Дар оянда баргузории чунин тӯйҳои арӯсӣ дар Вилояти Мухтори Кӯхистони Бадахшон низ дар назар аст.                       -Алҳол дар Тоҷикистон чанд Маркази омӯзишии дӯзандагӣ кушода шудааст?                      — Теъдоди чунин марказҳои омӯзишии дӯзандагӣ дар Тоҷикистон ба даҳ адад мерасад. Алҳол дар шаҳрҳои Душанбе, Кӯлоб, Хуҷанд, Қӯрғонтеппа, Хоруғ ва ноҳияҳои Ваҳдат, Рашт ва Нуробод фаъолият менамоянд, ки дар як сол ин марказҳои омӯзишӣ 1400 нафарро бо ҷойи кор таъмин менамоянд. Ҳадафи ташкили чунин марказҳо ҳам бо ҷойи кор таъмин кардани занону духтарони эҳтиёҷманд аст.                       — Дар оянда чӣ нақшаҳо доред?                        — Нақшаҳо зиёданд. Яке аз онҳо ташкили корхонаи сангтарошӣ дар шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд аст, ки алҳол дар ҳамкорӣ бо Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон пайгирӣ мешавад.                       — Таманнои Шумо ба мардуми тоҷик?                      — Дар ин фасли зебои сол-баҳор, ки табиат сарсабзу хуррам аст ба мардуми тоҷик тансиҳатию сарбаландӣ ва саодати рӯзгорро орзу мекунам.                       Мусоҳиб, Марзия Саидова, хабарнигори АМИТ «Ховар».  

Май 25, 2009 17:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Дар 130 муассисаи таълимии ноҳияи Рӯдакӣ беш аз 10 ҳазор наврасон ба истироҳат фаро гирифта шудаанд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар Душанбе ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ таҳти унвони «Пешвои миллат — меъмори Ваҳдат» доир гардид
МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН: Дар Санкт –Петербург Созишнома оид ба ҳамкории оператор бо таҳиягари пешбари Русия — Ivideon имзо гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Конфронси илмӣ-адабии «Душанбе — корзори ваҳдатофарӣ ва боргоҳи Ваҳдати миллӣ» баргузор шуд
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 9 иншооти саноатӣ ба истифода дода мешавад
Дар Бохтар вобаста ба пешгирии ғарқшавии ноболиғону ҷавонон ҳангоми оббозӣ вохӯрии иттилоотӣ доир шуд
Модарони ваҳдатсаро дар ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ, Фирдавсӣ, Сино ва Шоҳмансури пойтахт бо сокинон вохӯрӣ мегузаронанд
АЗ БАРАКАТИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ. Дар ин муддат соҳаи саноат ва кӯҳкорӣ ба як бахши муҳими иқтисоди миллӣ табдил ёфт
«ХИЗМАТ БА ВАТАН ШАРАФ АСТ!». Дар ноҳияи Нуробод ҳамоиши хизматчиёни ҳарбӣ баргузор мешавад