САБТИ АСНОДИ ҲОЛАТИ ШАҲРВАНДӢ ДАР КӮЛОБ
Кӯлоб, 27 май. (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов).- Дар асоси иттилои мудири шӯъбаи сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳри Кӯлоб Зиннат Сафарова тӯли 4 моҳи соли ҷорӣ дар шаҳри Кӯлоб, 3174 ҳуҷҷат ба қайд гирифта шуд. Ба қавли ӯ, аз ҷумла 1363 таваллуд, 287 вафот, 605 ақди никоҳ, 400 ҳодисаи барқароркунии таваллуд, 29 ҳодисаи бекор кардани никоҳ ва ғайра ба қайд гирифта шуданд. Мавриди зикр аст, ки тибқи қонуни ҶТ дар бораи ба қайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ, шаҳодатнома дар бораи муқаррар намудани падарӣ аз тарафи мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ройгон сурат мегирад. Зиннат Сафарова изҳори нигаронӣ кард, ки баъзе шаҳрвандон барои сари вақт гирифтани шаҳодатномаи таваллуд муроҷиат намекунанд. Вай таъкид кард, ки минбаъд, барои нагирифтани шаҳодатнома дар давоми 3 моҳ, тибқи қонуни ҶТ гунаҳкорон ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида мешаванд.








4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд






