САФАРҲОИ РАСМӢ БА ТОҶИКИСТОН

Май 19, 2009 11:57

                        Душанбе, 19 май. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). — Президенти Ҷумҳурии Хорватия ҷаноби Стефан Месич 23 май барои боздиди расмии дурӯза ба Тоҷикистон ташриф меорад. Аз дафтари матбуоти Вазорати корҳои хориҷӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки С.Месич зимни сафар бо роҳбарони воломақоми мамлакат мулоқот хоҳад кард. Дар ҷараёни онҳо масъалаҳои густариши ҳамкории ҳар ду кишвар баррасӣ карда мешаванд. Дар фарҷоми мулоқотҳо имзои силсилаи ҳуҷҷатҳо пешбинӣ карда мешавад.                      Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки Президенти Ҷумҳурии Туркия Абдулло Гул 28 май ба Тоҷикистон расман ташриф хоҳад овард. Сафари ӯ дар мамлакати мо се рӯз давом мекунад.

Май 19, 2009 11:57

Хабарҳои дигари ин бахш

4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд